Соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

ШАҲРИСТОН. Дар асоси дастуру супориши  КИВ ҲХДТ  ва ҷадвали ирсолнамудаи шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  вилояти Суғд дар ташкилотҳои ибтидоии  кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон соати сиёсӣ дар мавзӯи “Зуҳуроти номатлубро маҳкум мекунем” бо аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ фаъолони аҳолии деҳаҳо баргузор гардид. Ин мавзӯи мазкур байни аҳолӣ ва занону ҷавонони деҳа хеле ба маврид  баррасӣ гардид. Имрӯзҳо ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ пайвастани баъзе ҳамватанони мо боиси тааҷҷуб аст. Сабабу омилҳои гароиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз терроризм бо ниятҳои нопок, ботил ва бохусусияти нав, яъне бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад. Мо бо ақли солим андеша намоем, кишвари мо биҳишти рӯи замин аст. Барои он ки фарзандони мо оянда хушбахту фараҳрӯз бошанд, мо бояд ҳамдилона аз як гиребон сар бароварда,аққалан барои ба роҳи гумроҳӣ нарафтани наврасону ҷавонон саҳми худро гузорем. Сулҳу субот ягона меҳварест, барои зиндагии шостаи мардум.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>