Такмили Қонуни танзими маъракаҳо ғамхории навбатии Пешвои миллат ба аҳолӣ

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади шарҳи такмил ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони кумиҷроия, раисони Шӯрои бонувони маҳаллаҳои шаҳр ва фаъолони касбу кори гуногун маҷлис баргузор гардид. Дар маҷлис аз ҷониби Раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода ва  мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти кумиҷроия Бурсӣ Лутфуллоев тағйироту иловаҳои дар қонун дарҷшуда муфассал шарҳ дода шуд. Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷироия Тошева Парвина, дар намояндагӣ аз маҳаллаҳои шаҳр Қурбонов Муталиб, Исрофилова Дилдора, Аминова Мулкия, Кӯчова Анзурат ва Холиқова Бибиҷон андешаронӣ намуда аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини иҷрои пурраи талаботи Қонун саҳмгузорӣ намоянд. Зеро қабули Қонун дар такмили нав дорои сабукиҳои зиёд ба аҳолӣ буда, танҳо ба манфияти мардум аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>