Вохуриҳои ибратбахш дар ҷамоати деҳоти Фондарё»

АЙНӢ. Баҳри тарғибу ташфиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”,  эълон гардидани Соли 2017 “Соли ҷавонон”, инчунин рафти обунашавии ташкилоту идораҳо ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ  Қобилзода Абдуғанӣ,  Мудири  бахши  кор бо занони комиҷроия ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ ноҳия санаи 28-августи соли 2017 ба Ҷамоати деҳоти “Фондарё”  сафари кори анҷом доданд. Нахуст, Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ бо сокинони деҳаҳои Туда, Диҷик, Зарафшон-2  ва Ҳайронбед доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, ибрози назар намуд.  Бошандагони рустаҳои Туда ва Диҷик зимни сӯҳбат аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда зикр сохтанд, ки фазои сулҳу субот аст, ки мо зиндагии осоиштаро ба сар мебарем. Ҳамзамон, дар идомаи сӯҳбат зикр сохтанд, ки  қонуни танзим тавонист дар байни мардум баробариро рӯи кор биёрад, тақлидҳои кур-куронаро аз байн барад.  Инчунин доир ба эълон гардидани Соли 2017 “Соли ҷавонон” фарзандони мо болидахотир гашта талош намуда истодаанд, ки дар ободиву зебогии  Ватан-Модари худ ҳиссагузор бошанд.   Дар интиҳои вохӯри Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия бо Раиси ҷамоати деҳоти “Фондарё”  Ёрмаҳмад Ҷуразода  ҳамсӯҳбат гардида, доир ба рафти обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ҷуразода оиди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ маълумот дода қайд сохт, ки дар рӯзҳои наздик ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти  Фондарё нақшаи обунаи рӯзномаҳои ҳизбиро пурра ба сомон мерасонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>