Сафи аъзо меафзояд

КОНИБОДОМ. Дар асоси нақшаи хафтаинаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом имрӯз дар МТМУ № 33-и Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов  бо омузгорон ва фаъолони ҳизб мулоқот доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси  Кумитаи иҷроияи шаҳр А.Бобоҷонзода, мудири шуъбаи кор бо чавонон А.Шарипов  иштирок доштанд.   А.Бобоҷонзода зимни баромади худ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Дониш ва чашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамзамон дар бораи тайғироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода қайд намуд. ки қонуни мазкур ба манфиати халқ буда, баҳри дар амал татбик намудани бандхои он бояд ҳамагон  ҳиссагузор бошанд. Вохурӣ дар руҳияти ҳамдигарфаҳми ва шукргузори аз даврони соҳибистиқлоли ватанамон ба анҷом расид. Дар ҷамбасти вохури ба 26 нафар омузгорони ҷавон дар вазъияти тантанави шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд. Аъзои нав қабулгардидаи ҳизб омузгори ҷавон Г.Холматова баромад намуда, ибрози ақида намуд, ки дар «Соли ҷавонон» барои онҳо аъзо шудан ба ҲХДТ боиси ифтихор буда, баҳри ободии диёри азизамон ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>