40 нафар бонувони фаъол ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд

ЗАФАРОБОД. Имрӯзҳо да ҳамаи ташкилотҳои ибтидои ҳизбии ноҳия, деҳот мулоқоту вохури бо занон доир ба фаҳмонда додани тавзеҳи тағироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда истодааст. Чунин мулоқотҳо дар боғчаҳои кудакистон «Офтобак», «Парасту», «Наврӯз» бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ноҳия баргузор карда шуд, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод зимни баромади худ хозиринро бо фарорасии ҷашни 26-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти ҲХДТ ноҳия табрик намуд. Инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Масулияти падару модар дар назди фарзанд», оиди фарҳанги миллӣ, саҳми занон дар пешрафти ҳизб андешаҳои хешро баён дошт. Дар охири вохури ба 40 нафар бонувони фаъол бо тантана шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>