Семинар бо оилабарпокунандагон

КОНИБОДОМ. Бори ҳафтум аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ ба 45 нафар навхонадоршавандагон семинарҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда истодааст. Семинари навбатӣ санаи 30 август дар тарабхонаи “Пахтакор” дар алоҳидагӣ бо арӯсшавандагону домодшавандагон  доир карда шуд. Дар семинар аъзои Раёсати КИ ХХДТ шаҳрдор Ғ.Боҳирӣ шахсан иштирок ва суханронӣ намуда, ҷавононро ба сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, хоксорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Инчунин дар назди оилабарпокунандагон мутахассисони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқ, тиб, намояндагони дин, занони собиқадор ва сарварони хонаводаҳои беҳтарин баромад намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд.  Инчунин ҷонишини Раиси КИ ХХДТ Холматова Х зимни баромади хеш оид ба масъалахои муҳиму мубрами рӯз тарбияи ҳамаҷонибаи оилаҳои ҷавон, эмин доштани онҳо аз ҳама гуна падидаҳои номатлуб суханронӣ намуд.  Мулоқот озод сурат гирифта, ҷавонон бо суолу дархостҳои хеш ба баромадкунандагон муроҷиат карда, посухҳо гирифтанд  ва ба ҳамаи иштирокдорони махфил аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» сертификат ва маводҳои тарбиявӣ  дастрас гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>