Мулоқоти Раиси кумиҷроияи вилоятӣ бо роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ

ГУЛИСТОН. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти  Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода  бо роҳбарони 35 ташкилоти ибтидоии шаҳри Гулистон доир гардид. Мулоқотро Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ҳусни оғоз бахшид. Дар мулоқот Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Сарфароз Фаттоҳзода оид ба беҳбудӣ ва камбудиҳои фаъолияти ҲХДТ таҳлилҳо намуда, вазифагузорӣ кард, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҲХДТ дучанд кӯшиш намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва моҳияти он, ташкил намудани семинари дастурдиҳӣ оид ба хуҷҷатгузорӣ, аксияи “Роҳ ба сӯи мактаб”, “Беҳтарин таблиғгари арзиши миллӣ”, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ аз мадди назар дур набуд. Инчунин дар поёни мулоқот Ситоди «Обуна-2018» ҷамъбаст гардида,  фаъолон қадрдонӣ карда шуданд. Шоҳҷоиза насиби ташкилоти ибтидоии ҷамъияти муштараки Тоҷикистону-Канадагии масъулияташ маҳдудиimage-0-02-04-f7bfbcee56703d5586fab48f96cd078dd23049b52a160d47277beb6ee64232ab-V «Апрелевка», ҷойи якум насиби ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноати Тоҷикистону-Хитой», ҷойи дуюм насиби ташкилоти ибтидоии осоишгоҳи «Баҳористон» ва ҷойи сеюм насиби ташкилоти ибтидоии шаҳраки Адрасмон гардид. 21 ташкилотҳои ибтидоӣ бо Ҷом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслимахон Ғайбуллозода иброз намуд, ки фаъолони ҳизб, собиқадорон, КИШ ҲХДТ дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда,  барои пешбурди фаъолият чораҳои зарурӣ меандешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>