Ғолибони мусобиқаи шоҳмот муайян гардид

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба Аксияи «Пешвои миллат — ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» ва инчунин бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот  дар толори КИН ҲХДТ ташкил ва гузаронида шуд. Мақсади асосии гузаронидани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи шоҳмот байни аҳолии ноҳия ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мебошад. Дар ин мусобиқа зиёда аз 50 нафар варзишгарон иштирок карданд. Бозиҳо бо системаи швейтсарӣ дар 7-давр гузаронида шуд. Варзишгарони зерин ҷойҳои фаъолро ишғол намуданд: Аз ҳисоби духтарон Соқиева Ойгул ҷойи якум, Мирдадоева Лайло ҷойи дуюм ва Ҳабибуллоева Қ. ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Аз ҳисоби писарон Абдухолиқов Х. ҷойи якум, Нишонов Ҷ. ҷойи дуюм ва Вайдуллоев Б. ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Аз ҷониби КИН ҲХДТ ва ТИ ҲХДТ «Варзишгар» варзишгароне, ки ғолиб омаданд бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>