Танзим баракати зиндагист

СПИТАМЕН. Имрӯзҳо дар қаламрави ноҳияи Спитамен вохӯриҳои намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинон ва интихобкунандагон баргузор шуда истодааст. Дар асоси нақшаи корӣ, санаи 11 сентябри соли равон, дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк, дар толори МТМУ №8 зиёда аз 200 нафар сокинони кору касбашон гуногун бо гуруҳи корӣ вохӯрӣ намуданд. Муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ вохӯриро ифтитоҳ бахшида сухани аввалро ба роҳбари гуруҳи корӣ Шарифзода Муъмин – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дод. Зимни суханронӣ Шарифзода Муъмин чунин гуфта гузашт, Қонунҳои ба имзорасида ба танзими иловагии анъана ва ҷашну маросимҳо, аз ҷумла пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими тартиботи ҷамъитяӣ , беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд. Қонун баҳри сарфаю сариштакорӣ ҳидоят карда шудааст, ки он мардумро ҳамқадами замон намуда, барои зиндагии шоистаи ҳар як оила имконияти басо хуб фароҳам овардааст.   Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилов Аҳмадҷон, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Болтуев Абдусамад, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Насруллоев Ойбек  ба сухан баромада оиди санаи 28 августи соли равон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Дар бораи Маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд, маълумоти муфассал доданд, инчунин оиди ҷаримаю ҳуқуқвайронкуниҳо суханронӣ намуданд.   Вохӯрӣ басо судманд гузашт. Мардум дарк намудаанд, ки ин ҳама тағйиру иловаҳо барои боз ҳам беҳтар намудани  шароити зисту зиндагонии мардум равона карда шудааст.  Дар ҳақиқат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи онро доранд, ки ҳар шахс аввалан барои обод кардани хонаву дари худ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии оилавиаш кӯшиш намояд. Баъдан ҳамсояву хешу таборро дастгирӣ намуда дар ободии ҷомеа саҳмгузор бояд шуд. Зеро кӯмак ба дигарон аз ҷумлаи муҳимтарин корҳои хайру савоб ва садақаи ҷория ба ҳисоб мераванд, ки аз инҷост танзим баракати зиндагист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>