Ҳизбиён қадршиносӣ шуданд

АШТ. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардид, ки дар он ҳизбиёни ноҳия низ фаъолона ширкат варзида, дар баргузории чорабиниҳои идона саҳми муносиб гузоштанд. Аз ҷумла ташкилотҳои ибтидоии ҶСК «Кони намак», маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, мактаби варзишии ноҳия, деҳаҳои Ифтихор, Меҳробод, Ориён, шаҳраки Шайдон дастовардҳои худро манзури ҳозирин гардониданд. Раиси ноҳия Мирдадо З.М. зимни табрикоти хеш аз хизматҳои шоёни ҳизбиён тӯли ин давра ёдовар гардида, қомат афрохтани бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияро нек арзёбӣ намуд. Баъдан дар баробари пешсафони ноҳия аъзоёни ҳизб Муфтоев А., Қушоқов Ф. ва Мадаминова М. қадрдонӣ карда шуданд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ширкат варзида, садоқату самимияти беандозаи хешро ба сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>