Танзим – кафолати рушди арзанда

ДЕВАШТИЧ. Баҳри шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида, бо ибтикори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гуруҳӣ корӣ бо роҳбарии Мухтор Фозилзода – ректори Донишгоҳи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон мулоқоту суҳбатҳоро бо сокинони ноҳия аз Ҷамоати деҳоти Ғазантарак оғоз намуд.  Дар сороғози вохӯрӣ Раиси ноҳияи Деваштич – Рустам Ҷӯразода сокинону фаъолони Ҷамоати деҳотро бо мақсаду мароми баргузории вохӯриҳо шинос намуда, аз суханронии 10 сол қабл баённамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, қайд намуд, ки зарурати қабули қонуни зикршуда – ин талаботи замон ва майли беҳбудбахшии иҷтимоиёти сокинон буда, ормонҳои садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро рӯёӣ намуд. Зеро аз хурофоту бегонапарстӣ ва зиёдаравию тақлидкорӣ мардум ноогоҳонаву зершуурона ба хароҷоту бегонапарстӣ дода шуда, аз сарфаю сариштакорӣ ва хиради дурандешона фарсахҳо дур монда, ба таъминоту рушди ояндаи оилаи худ зомин мегардиданд. Инак, 10 соли сипаришуда исбот намуд, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо чӣ суде ба мардум оварду чӣ нафъе ба онядаи онҳо расонид… Ва талаботи замону эҳтиёҷоти воқеъии мардум, таклифу пешниҳодҳои самимиву воқеъии сокинонро ба инобат гирифта, ба қонуни миллӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки амали минбаъдаи онҳо ин боз як зинаест, ки рушди минбаъдаи иҷтимоиёти сокинони диёрро таъмин менамояд.  Доир ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои воридгардида Дӯстмурод Назаров – муовини сардори шӯъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Абдуллоев – дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон, Ботурҷон Алимов – устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Комрон Исмоилзода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маърӯзаҳо намуда, ҳар як нуқтаи ба қонун иловаю тағйирдодашударо тавзеҳ доданд, зеро хиради азалии Пешвои миллат буд, ки чунин қонун дар таҷрибаи қонунгузории тамоми давлатҳо яке аз аввалин санади меъёрию ҳуқуқии мукаммал буда, боис гардид, ки сатҳу зиндагии мардумро беҳбуд бахшад ва рисолати таърихии худро иҷрои намояд ва идома диҳад. Қонун, ки танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятист риояи меъёрҳои он ҷомеаи шаҳрвандиро ба сӯйи амалишавии орзую ормонҳо мебарад ва суботу рушди зиндагиро таъмин месозад. Дар хотимаи мулоқот музокира ва саволу посухҳои судманд бо аҳли иштирокчиён баргузор гардида, ҳамагон аз шарҳу тавзеҳ, тағйиру иловаҳои ба қоунун воридгардида ва чун ҳамешагӣ ташаббуси одилонаи Сарвари давлат ибрози қаноатмандӣ намуданд, зеро он баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар нигаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>