Танзим-асоси зиндагии шоиста

21742873_1523742384353326_2031901209023478165_n

ХУҶАНД. Рузи гузашта дар заминаи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Турсунов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Мулоқотро бо сухани ифтитоҳи муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда,21740237_1523742461019985_7963057713307055766_n ҳамагонро бо марому мақсади имруза ҷамъомад шинос намуда, дар хусуси аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳои қабулшуда ба Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори назар карда, онро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Тоҷикистон аз иқдомоти муҳимтарини Ҳукумати мамлакат арзёбӣ кард. Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ҷузъиёт ва банду моддаҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ба таври мушаххас ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, масъулинро дар иҷроии ин қонуни сирф миллӣ масъули асосӣ маънидод кард. Масъалаи риояи фарҳанги 21751594_1523742514353313_8639888472003262123_nлибоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, тақлиди кӯркурона аз фарҳанги ғарб, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулин ҳангоми иҷрои корҳои вазифавӣ барои риояи қонуни зикршуда ва тарғиби унсурҳои дигари фарҳанги миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ба онҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Дар охир миёни масъулини гурӯҳи таблиғотӣ ва ҳузурдоштагон табодули афкор сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>