Гурӯҳи тарғиботӣ тағйиру иловаҳо ба қонуни миллиро шарҳ дод

ДЕВАШТИЧ. Бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи  Деваштич бо сокинони ноҳия мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. Санаи 12 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Росровут ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдат чунин мулоқотҳо доир гашт. Дар мулоқоти мазкур Зуфар Исмоилзода, Аҳмадҷон Қобилов  — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умрилло Меликов — сардори шўъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухтор Фозилзода — ректори Донишкадаи кўҳӣ — металлургии Тоҷикистон иштирок намуда, перомуни тағйиру иловаҳои воридгардида ибрози андеша намуданд. Тибқи иттилои масъулин чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>