Ҷомеа қонуни танзимро дастгирӣ мекунад

ml-vkl-2

БӮСТОН. Вохӯриҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинон ва интихобкунандагон баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин як мулоқот рузи гузашта дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон оғоз гардида, сипас масъулон оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуданд. Инчунин ишора гардид, ки нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ басо назаррас маҳсуб меёбад. Дар интиҳо сокинони шаҳр ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ иброз дошта, зикр доштанд, ки саҳми хешро дар татбиқи муваффақонаи ин санади муҳим хоҳанд гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>