Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушди ноҳия

СПИТАМЕН. Дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамаен бо доираи васеъи соҳибкорони ноҳия, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони муваффақ  Форуми соҳибкорон ва шаркиони рушди ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим Форумро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии гузаронидани Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд ин ҷалби бештари сармоягузорӣ барои рушди ноҳия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоидат барои пешрафти кори соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Дар ҷараёни форум лоиҳаҳои мухталиф муаррифӣ гардида, барои татбиқ пешниҳод шуд. Зимни муаррифии лоиҳаҳо раиси ноҳия изҳор дошт, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни он имкониятҳои фарохеро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил фароҳам меорад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар рафти форум доир ба бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт ва истеҳсоли мех дар Ҷамоати деҳоти Куруш, бунёди нуқтаи савдои замонавӣ ва толори тобистонаи намоиши филмҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ва бунёди ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар охири форум изҳори умед карда шуд, ки соҳибкорону сармоягузорон ҳамчун нерӯи созанда минбаъд низ дар ободонии Ватан ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми муносиб мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>