Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим

АЙНӢ. Намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло-директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” (роҳбари гурӯҳ), Гулназар Келдӣ-шоири халқии Тоҷикистон, Азизов Икромиддин-сардори шӯъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Луқмон  Қурбон- шоир, Худоёрова Норинисо-ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент    оид ба масъалаи фаҳмонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 13-уми сентябр дар ҷамоати шаҳраки Зарафшон ва ҷамоати Айнӣ бо аҳолӣ вохӯриҳо гузарониданд. Намояндагонро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ, мудири бахш оид ба корҳои дину  танзим, мудирони бахши ҷавонон ва занон ҳамроҳӣ намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳоро ба Қонуни мазкур  шарҳ дода, ба пурсишҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар музокираи масъала Самизода Олимҷон ва Содиқов Миразим  баромад намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>