Шарҳи тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридшуда.

3

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаҳои 11-12 сентябр  дар толори Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ, Беморхонаи марказӣ ва Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Олимӣ Рауф-ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бо устодону донишҷӯён, кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолон, оид ба шарҳи нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабулшуда баргузор гардид. Дар вохӯриҳо аъзоёни гуруҳи корӣ Акрамзода Баҳодур Исмоил-вакили Маҷлиси намояндагон, Бобоева Мадинахон-сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев Икром-дотсенти Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон, Иззатуллоев Рафтор- дотсенти Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон, Садриддинов Аслиддин- муаллими калони Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон оид ба рӯзмарра будани мавзӯи баррасишаванда андешаронӣ карда, татбиқи самараноки онро вазифаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуданд. Баромадкунандагон қайд карданд, ки ҳамаи тағйироту иловаҳо барои беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо пешбинӣ шудааст.  Акрамзода Баҳодур Исмоил — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйироти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал дода, гуфт, ки 28 августи соли равон ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки ҳамаи он дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.    Олимӣ Рауф дар шарҳи чанде аз моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истода гузашт. Ҳамчунин, Олимӣ Рауф оид ба  тағйироти муҳим ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» маълумот дода, афзуд, ки меъёрҳо оиди манъи ба муассисаҳои таълимӣ  бо идоракунии воситаҳои нақлиёт омадани хонандагон ва донишҷуён дахл дорад. Яъне дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёт омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълими бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.    Вохӯриҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, то санаи 15 сентябр давом меёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>