Шарҳи тағйиру иловаҳо дар Қонуни миллӣ идома дорад

БӮСТОН. Дар радифи шаҳру ноҳияҳои  вилоят  дар шаҳри Бӯстон низ  вохӯриҳо бо иштироки  гурӯҳи корӣ оиди шарҳи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур   бо иштироки тамоми қишри ҷомеа баргузор гардида истодааст. Дар вохӯрӣ роҳбари  гурӯҳ Қосимов Олимҷон мудири шуъбаи институти  забон ва адабиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аъзоён  Раиси шаҳри Бӯстон  Рухсора Давлатзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин ва  танзими расму оинҳои мардумии  Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Суҳроб Рустамзода, Раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳр Г. Мухторова, устодони ДДХ ба номи Б. Ғафуров Саидов Саидумрон ва Ҷалолов Иброҳим   оиди татбиқи самараноки  Қонуни мазкур аз ҷониби  аҳолӣ ва риояи  талаботҳои он ҳарф мезананд.  Роҳбари  гурӯҳ Қосимов Олимҷон дар баромади хеш оиди як қатор тағйиротҳои воридгардида ба қонуни мазкур сухан карда, ба саволҳои ҳозирин аз ҷумла, пӯшидани либосҳои миллӣ ҳангоми маъракаи тӯи арӯсӣ барои арӯсон ва дида баромадани  маблағҳои хизматрасонӣ дар тӯйхонаҳо посухҳои амиқ дод. Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода дар баромади хеш қайд намуд. ки  шаҳри Бӯстон  шаҳри дӯстиву бародари буда маконест,  ки дар он миллатҳои гуногун ҳаёт ба сар мебаранд ва онҳо анъанаву  маъракаҳои мардумии  хешро соҳибанд,  вале  қонуни мазкур тамоми  ин анъанаҳоро  ба танзим дароварда, барои бонизом гузарнидани  маъракаҳо дастур медиҳад. Ва барои расидан ба  ҳадафҳои назаррас нақши комиссияҳои доимиву ҷамъиятии шаҳр басо муҳим аст. Устодони ДДХ аъзоёни гурӯҳ ҳамчунин, дар бораи  тағйиротҳои  воридгардида дар моддаҳои 12 ва 14 Қонуни мазкур сухан карданд.   Ҳамчунин, дар вохӯриҳо  аз ҷониби  сокинони шаҳри Бӯстон  баҳри  ғамхориҳои  пайвастаи Пешвои миллат дар ҷодаи  баланд бардоштани сатҳи зиндагии иҷтимоии  шаҳрвандон миннатдорӣ баён карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>