Мулоқот дар се ҷамоати деҳот

IMG_1842

АШТ. Мутобиқи дастури Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи гузашта дар се ҷамоатҳои деҳоти ноҳия: Пунук, Ориён ва Ашт вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло – ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо аҳолӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Мулоқотҳоро раиси ноҳия Мирдадо З.М. оғоз бахшида, мақсаду мароми чорабиниро баён намуд ва оид ба зарурияти қабули Қонуни мазкур, ки тӯли 10 соли сипарӣ чӣ нафъе ба фоидаи мардум расонид ва эҳтиёҷоти тағйиру иловаҳо ба он суханронӣ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ҷӯразода Ҷ, устоди ДДХ Нуралӣ Нуров, адиби шинохта Аҳмадҷон Раҳматзод бобати аҳамияти таърихӣ доштани Қонуни мазкур, натиҷаҳои амалишавии он дар ҷомеа, омилҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи амалии ин Қонун бо далелҳои мушаххас баромад намуданд. Чорабиниҳо дар рӯҳияи баланди сиёсӣ доир гардида, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мардум саволу ҷавобҳо ҷараён гирифтанд. Мулоқотҳо дар ин радиф тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>