Тарғиби Қонуни танзим

АЙНӢ. Шурӯъ аз санаи 12-ум то 15-уми сентябри соли равон гурӯҳи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи фаҳмонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Ба гурӯҳи корӣ Баротзода Файзулло-директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” (роҳбари гурӯҳ), Гулназар Келдӣ-шоири халқии Тоҷикистон, Азизов Икромиддин-сардори шӯъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Луқмон  Қурбон- шоир, Худоёрова Норинисо-ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ, мудири бахш оид ба корҳои  дину  танзим, мудирони бахши  ҷавонон  ва  занон   шомил буда,   дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоб ва Фондарё доир ба фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо аҳолӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор намуданд. Дар вохӯриҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳоро ба Қонуни мазкур  шарҳ дода, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд.Дар музокираи масъала аз ҷамоати деҳоти Анзоб Сафаров Муллосафар-имомхатиби деҳаи Такфон ва Усмонов Субҳонқул-раиси кумитаи маҳали деҳаи Работ, аз ҷамоати деҳоти Фондарё Маликзода Ҷумъабой-сокини деҳаи Диҷик ва Ҳакимов Абдураҳмон-раиси кумитаи маҳали деҳаи Тӯда баромад намуда, қайд карданд, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур хеле саривақтист, тамоми мардум ворид гардидани тағйиру иловаҳоро дастгирӣ менамоянд, зеро он бар нафъи зиндагии мардум аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>