Яке аз нақшҳои сарнавиштсози Пешвои миллат

Деваштич_росровут ва сомони

ДЕВАШТИЧ. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ баҳри таъмини сулҳу субот, муҳайё намудани тамоми шароитҳои имконпазир барои расидан ба Ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва аз ҳама пеш беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зисту зиндагонии тамоми сокинони кишвар саъю талош варзида, дар муддати начандон тӯлонӣ нақши муассири хешро барои боло бардоштани иҷтимоиёту иқтисодиёти мардуми шарифи Тоҷикистон гузоштанд. Яке аз ибтикору нақши барҷастаи Сарвари хирадмандамон ин даҳ сол муқаддам бо истифода аз ташаббуси қонунгузории худ ба муҳокимаи умумихалқӣ қонунеро пешниҳод намуданд, ки имрӯзҳо дар баробари татбиқгардии меъёрҳояш он хусусияти қонуни миллиро гирифт, зеро маҳз дар натиҷаи амалишавии он миллати тоҷик ба урфу анъанаҳои асили хеш рӯй оварда, аз зиёдаравию тақлидкорӣ ва харҷи бемаънӣ ба сарфаю сариштакорӣ ва беҳтар намудани шароити хонаводаи худ гузашт. Яъне, миллати тоҷик зина ба зина ба асолати худ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи ниёгони худ зиндагониро роҳандозӣ намуда истодааст. Чунин буд, яке аз ҷабҳаҳои мавзӯъи мулоқоти баргузоршуда бо сокинони Ҷамоати деҳоти Росровут ва Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич. Дар сароғози вохӯрӣ раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода сухан намуда, аҳли ҳозиринро бо гуруҳи тарғиботӣ шинос кард ва қайд намуд, ки мақсаду мароми мулоқот – ин суҳбати ошкорову самимӣ доир ба натиҷаҳои татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳар як нафар метавонад доири самараҳои амалишавии он фикру андешаҳои худро баён созад. Сипас роҳбари гуруҳи тарғиботӣ Мухтор Фозилзода – ректори Донишгоҳи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон риштаи суханро гирифта, доири тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардида маълумот дод. Сониян, дар баромади худ Дӯстмурод Назаров – муовини сардори шӯъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйиру иловаҳои бо қонуни зикршуда тавъам, ки ба қонунҳои маориф, таҳсилоти олии касбӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноӣ ва ба ғайраҳо воридгардида, ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Инчунин маърӯзачиён: Анварҷон Саидов – устоди кафедраи таърихи Донишгоҳи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон, Ботурҷон Алимов – устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Комрон Исмоилзода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, Замира Аҳмадҷонова – сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила ва Вафоҷон Қӯлдошов – иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиш аз омилҳои мусбиву воқеъии ба ҳаёти мардуми кишвар, хусусан бонувон ва ҷавонон таъсиррасонидаи меъёрҳои қонуни миллӣ бо мисолҳои равшану возеҳ сухан карданд. Ҳамзамон Зуфар Исмоилзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи ҷамъбастӣ намуда, дар суханронии худ аз нақши воқеъии Пешвои миллат дар танзими маросиму анъанаҳо ва ба ин васила боз ҳам беҳбуд бахшидани тарзи ҳаёти сокинон истода гузашт. Дар хотимаи мулоқот якчанд нафар аз шунавандагон нисбати чунин дурандешии Пешвои миллат сипосгузории худро аз номи аҳли хонавода баён намуда, қайд карданд, ки маҳз дар натиҷаи риояву иҷрои меъёрҳои санади ҳуқуқии зикршуда, шароити оилавии онҳову наздиконашон хуб гардида, маблағҳои сарфагардида барои беҳтар шудани зисту зиндагонии рӯзгорашон сарф шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>