Маъракаҳои тақлидӣ ва серхарҷ афроди алоҳидаро ба бемории сактаи қалб ва асаб гирифтор намудааст…

ХУҶАНД. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти ҳамагонии №19-и шаҳри Хуҷанд тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Турсунов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва инчунин намояндагони маҳаллаҳои Тиллокон, Темурмалик ва Мевағул вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро оғоз намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷиҳати такмили Қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд. Пешниҳоди мазкурро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон қабул ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон онро ҷонибдорӣ намуданд ва санаи 28 августи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расонида шуд ва он ҳукми қонунӣ гирифт. Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнат¬дӯсти тоҷик пайрави қонун меҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд. Зеро онҳо эҳсос карда буданд, ки Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда¬ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст. Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, ки ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тӯи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст. Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот Мирзошоҳрух Асрорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Хусрав Турсунов, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои ҷолиби хешро баён намуданд. Саодат Аминҷонова узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ гуфт, ки маҳз серхарҷии маъракаҳо боиси афзудани бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ шудааст. Ва ҳамзамон баъди гузаронидани маъракаҳои тақлидӣ ва серхарҷ афроди алоҳида ба бемории сактаи қалб ва ё асаб гирифтор мешаванд. Иштирокдорони мулоқот доир ба тартиби гузаронидани маъракаҳои домодталабон, хатнасур, базми тӯй, хизматрасонии санъаткорон, азодорӣ ва ғайра пурсиш ба амал оварда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>