Қонуни танзими маъракаҳо – рушди иқтисодии Ватани мо

20170920_101340

ПАНҶАКЕНТ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати  шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии онро танзимкунанда гурӯхи таблиғотии КИ ҲХДТ шаҳри Панҷакент мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ дар ташкилотхои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд. Бо ин мақсад дар давоми ҳафта дар маҷлисгохи Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ гурӯхи таблиғотӣ ҷиҳати шарҳи қонуни зикршуда ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо аъзоёни хизб ва кормандони ин тишкилотхо мулоқот баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ Тошева Парвина – муовини раис – мудири шӯъбаи кор бо занон, Лутфуллоев Бурсӣ – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот, Раҳматов Шерзод- мудири шӯъбаи ташкилии  КИ ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрихо кормандони хизбӣ оид ба зарурияти қабул ва тағйиру иловаҳо ба ин қонун ва моҳияти дигар санадҳои меъёрии хуқукии дахлдор андешаҳои худро баён карданд. Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки зарурияти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин талаботи замон барои беҳбудибахшии иҷтимоиёти сокинони кишвар нигаронида шуда, мардумро аз хурофоту бегонапарастӣ ва зиёдаравӣ боз дошта, ба сарфаю сариштакорӣ хидоят мекунад. Дар охири мулоқот музокира ва саволу ҷавоб бо иштирокчиён баргузор гардида, хамагон  тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардидаро саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро он барои рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолии кишвар нигаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>