Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд

ashqabad

 АШҚОБОД. Дар 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод идома доранд, 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд низ барои ба даст овардани медалҳо талош хоҳанд кард. Варзишгарони вилоят дар ин мусобиқаи бонуфуз аз рӯи намудҳои гуштини камарбандӣ ва “ҷиу ҷитсу” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.  Дар маҷмӯъ, Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>