Тарғиби қонуни танзим

ҶАББОР РАСУЛОВ.  Дар асоси нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаҳмонида додани моҳияти аслӣ ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар толори МТМУ-и №40, дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо сокинони маҳаллаи «Дашткор» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Раиси КИН ҲХДТ Очилов Рустам Одилович ва сарвари МТМУ-и №40 Одилов Мирфаёз иштирок ва баромад намуданд. Очилов Рустам ба иштирокчиён дар бораи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида маълумот дода, оиди пешгирии қонунвайронкуниҳо, роҳ  надодан ба тақлидкорӣ, зиёдаравӣ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ дар баргузор намудани ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.   Иштирокчиёни чорабинӣ барои тарғибу ташвиқи қонуни мазкур ва риояи он дар ҷойҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>