Намоиши филми «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори Сулҳу Ваҳдат» дар қисми низомӣ

СПИТАМЕН. Имрӯз дар асоси нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен, дар қисми низомии №0228  баҳри  иҷрои барқияи №19-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд    дар доираи аксияи намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони  «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!»  намоиши филми ҳуҷҷатии «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдат» аз тарафи кормандони кумитаи иҷроия ташкил карда шуд.   Сараввал муовини командири қисми ҳарбии 0228 оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ Юнусов Ҷовидон ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида суханро ба сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова У дод. Муҳитдинова У  дар баромади худ  ҳимоятгарони ватанро бо «Соли Ҷавонон» ва бо 25-солагии иҷлосияи тақдироз аз номи роҳбарияти Олии ҲХДТ табрик намуд. Сипас оиди баргузории аксияи мазкур  маълумот дод. Дар қисми низомии №0228 филми ҳуҷҷатии «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдат» намоиш дода шуд. Дар охир  сарбози қисми ҳарбии мазкур Гулов Ф баромад намуда барои ташкили вохӯрии мазкур ва   баҳри намоиши филми ҳуҷҷати миннатдории тамоми афсарони қисми низомиро ба роҳбарияти олии ҲХДТ расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>