Расму оинро аз ҳурофоту таассубкорӣ тоза месозем

БӮСТОН. Дар  ташкилоти ибтидоии «Маорифпарвар»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои воридшуда ба моддаҳои 7, 9, 10, 11, 12, ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки Мухторова Г.У.-Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон, Юсупова М.М.-мудири бахши кор бо занҳои кумиҷроия вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ фаъолзанон ва раисони маҳаллаҳои «Ғалаба» ва «Ватан» ширкат варзиданд. Ҳангоми баромад, Мухторова Г.У. қайд намуд, ки дар маросимҳои дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «Душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй манъ аст. Инчунин, номбурда қайд гардид, ки дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳои шаҳри Бӯстон комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис ёфта, фаъолият ва рафти иҷроиши қонуни мазкурро назорат мекунанд. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳои хешро ирсол намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон корҳо дар ин самт идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>