Озмуни Фарзонахонӣ

ПАНҶАКЕНТ. Дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент  озмуни «Фарзонахонӣ» баргузор гардид. Дар Озмуни мазкур аз  мактабҳои шаҳр донандагони ашъори шоираи ширинкаломи тоҷик ширкат варзиданд. Озмун аз рӯи се шарт доир гашт: қироати шеър, шарҳи шеър ва саволу ҷавоб аз ҳаёту фаъолияти  шоира. Доварон пас аз натиҷагирии холисона Ҳомидова Нигина аз МТМУ №25, Моҳрухсори Шӯҳрат аз МТМУ № 71 ва Раҳматуллоева Манижаро аз МТМУ №27 ба ҷойҳои ифтихорӣ лоиқ донистанд.  Ба ҳамаи иштирокчиёни Озмун барои иштироки фаъолона   Ифтихорнома супорида шуд. Озмун идома дорад. Аз байни ғолибон беҳтарин дар маркази вилояти Суғд ба чорабинии «Рӯзи шеъри Фарзона» фиристода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>