Мулоқот дар Сари Дашт

ИСФАРА. Дар маҳаллаи Сари Дашти ҷамотаи деҳоти Ворух мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо аҳли маҳал доир ба масъоили даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби меъёрҳои тарҳи шави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Зимни суханрони муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Аҳмадов О. зикр кард, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияи давлатии Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ буда  хизмат дар сафи он натанҳо қарзи муқаддаси фарзанди балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоит ва робита бо ҷомеъаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Икромов И. иброз намуд, ки ҳар як сокини синнаш ба 18 расида бояд бо сарбаланди саҳми хешро дар ин самт гузорад. Сокинони маҳал ӯҳдадор шуданд, ки ҷавонони сазовору меҳанпарасти диёрашонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>