Шукри ободию осудагии Ватан дорем мо

ХУҶАНД. Ман Гавҳар Абдулоева сокини маҳаллаи «Чорчароғ»-и шаҳри Хуҷанд мебошам. Бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  мо як гурӯҳ занҳои фаъоли шаҳри Хуҷанд аз ҷойҳои таърихии шаҳри Исфара дидан намудем. Сафари мо рӯзи 27 сентябри соли равон сурат гирифт. Воқеан, ман дар ин сафар ба худ хеле таассуроти зиёдро гирифтам. Хусусан, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмиру тармими роҳҳои мошингард, таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат дар самти эҳё намудани ҷойҳои таърихиро ба чашми худ дидем. Дар ҳақиқат дар муддати на чандон зиёд кишвари мо хеле ободу шукуфон гардидааст. Обод гардидани дохили шаҳри Исфара моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Мо дар ин сафар бо занҳои фаъоли шаҳри Исфара вохӯриҳоро баргузор намуда, аз зисту зиндагонӣ ва кору фаъолияти онҳо шинос шудем. Ман гумон мекунам, ки иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хеле иқдоми саривақтӣ буд ва минбаъд низ агар чунин иқдомҳо роҳандозӣ гарданд боиси баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию ватандӯстӣ ва қавӣ гардидани мафкураи ҷаҳонбинии занону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи мо хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>