Созандагӣ ҳастии мост

АЙНӢ. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи ҷавонон чунин қайд намуда буданд, ки “Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд”. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат, дар деҳаи Зоосуни Ҷамоти деҳоти Айнӣ, баҳри муттаҳидии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ ва омода намудани онҳо дар мусобиқаҳои варзишии вилоятиву ҷумҳуриявӣ мусобиқаи футбол баргузор карда шуд. Бо иқдоми КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ  байни хонандагони МТМУ №1 –и деҳаи Айнӣ, МТМУ №8-и деҳаи Зоосун, МТМУ №19-и  деҳаи Сангистон, МТМУ №33-и деҳаи Путхин мусобиқаи футбол баргузор гардид. Нахуст, оиди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар барои варзишгарон аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” филми ҳуҷҷатии бо номи “Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ” ба намоиш гузошта шуд. Варзишгарони ҷавон  баъд аз тамошои  филм чунин ибрози назар намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷони худро дар хатар гузошта, барои мармуди мо фазои осоиштагӣ ва рӯзгори  босаодатро фароҳам овардаанд. Дар баробари ин соҳаҳои муҳими кишвар рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Ҳамзамон, хонандагон — аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо як садои зебову шинам чунин замзама намуданд: “Ватан номус ва ҳастии мост, онро чун Модар ҳимоя ва эҳтиромаш мекунем”.  Сипас, байни хонандагон мусобиқаи футбол оғоз гардид. Зимни рақобат 4 дастаи дар боло зикргардида бозии хуб нишон дода, дар натиҷа, хонандагони МТМУ №1-и деҳаи Айнӣ  сазовори ҷойи якум, хонандагони МТМУ №8 деҳаи Зоосун   сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи футбол дар Соли ҷавонон аз ҷониби КИ  ҲХДТ дар  ноҳия  ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ғолибон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  Устодони ҷавон Неъматов Фйзулло, Муқимов Фотеҳ, Шохрух Бадалов, Шодиев Далер  дар интиҳои чорабинӣ изҳори хушнудӣ намуданд, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайваста  чорабиниҳои илмӣ ва варзишӣ  баргузор мегарданд. Ҳамчунин, зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки чунин мусобиқаҳо дар байни омӯзгорони ҷавон дар Соли Ҷавонон баргузор гардад. Хоҳиши онҳо ба назар гирифта шуда, тибқи нақша дар байни омӯзгорони ҷавон озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ  баргузор  мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>