Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муайян шуд

АШТ. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасон, ки дар ноҳияи Ашт ҷараён дошт, ҷамъбаст карда шуд. Дар ин мусобиқа 8 дастаи волейболбозон аз ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаҳои “Суғд 1”, “Суғд 2”, “Регар” ва “Душанбе 1”  роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи бозиҳои ҷамъбастӣ ҷои аввал насиби ҳайати дастаи волейболбозони ноҳияи Ашт “Суғд 1”,  ҷои дуввум насиби ҳайати дастаи бозигарони ноҳияи Турсунзода “Регар” ва ҷои севвум насиби ҳайати дастаи “Суғд 2” гардид. Дар охири мусобиқа ғолибон бо медал ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>