Нақшаи обуна ба рӯзномаи «Минбари халқ» иҷро гардид

ХУҶАНД. Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Нашрияи дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад.  Мо ҳамарӯза аз саҳифаҳои он хабару гузоришҳо, таҳлилу мусоҳибаҳои саривақтиро мутоила намуда, ҷаҳони маънавии худро бойтар месозем. Тибқи мушоҳидаҳо кормандони нашрия мекӯшанд аз шумора ба шумораи дигар онро пурмӯҳтавою ҷолибтар таҳия кунанд. Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои газета дарҷ мегарданд. Нашрия дар ваҳдату худшиносии миллӣ, шинохти аслии чеҳраҳои тобноки бузурги миллат хидмати шоиста карда, аз фаъолияти густурдаи давлат ва ҳукумати кишвар дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳад. Ҳамзамон нашрия минбари розу ниёзи ҳизбиён буда, дар ҳар шумора аз ҳаёти ҳизбии кишвар маълумоти аниқу дақиқ медиҳад. Тозапайғом он аст, ки ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд меъёри обунаро ба ин нашрия имрӯз 29 сентябр пурра иҷро карданд. Ёдовар мешавем, ки меъёри муқарраргардида барои ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд 2100 нусха буд ва имрӯз хушбахтона 2102 нусха ба рӯзномаи «Минбари халқ» оубна карда шуд. Ҳар як аъзои фаъоли ҳизб имрӯз дарк кардааст, ки нашрия такягоҳи асосии онҳо дар пур кардани фазои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Итминони комил дорем, ки ҳамкории аъзо ва пайравон минбаъд низ бо нашрия густариш ёфта, саҳифаҳои онро очерку гузоришҳо аз шаҳри Хуҷанд боз ҳам рангинтару мукаммалтар менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>