Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ масъулият мебояд

раёсат

МАСТЧОҲ. Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода ҷаласаи кории ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба аҳдоф ва вазифаҳои он сухан гуфт. Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур боз ҳам баландтар бардоштани масъулияти бузурги раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, шиносоӣ бо усулҳои нави тарғиботӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷатгузорӣ зимни баҷайдгирӣ ва азҷайдбарории аъзо мебошад.    Сипас Сарфароз Фаттоҳзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба паҳлӯҳои бисёрҷабҳаи фаъолияти кумиҷроияи вилоятӣ, аз ҷумла дастоварду муваффақият ва камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ҳиҳбии ноҳияи Мастчоҳ ибрози андеша намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳизбиёни ноҳия минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар тарғибу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҲХДТ ва густариши нуфузи ҳизб дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонони фаъолу ватандӯст ташаббусҳои наҷибро амалӣ менамоянд.   Дар идома М. Ёров- раиси ташкилоти ибтидоии “Варзиш”, С. Ниёзов-раиси ташкилоти ибтидоии “Сино”, вакили маҷлиси ноҳиявӣ, М. Умарзода-раиси намояндагии анҷумани “Пайванд” дар вилояти Суғд ба музокира баромада, дар таҳкими суханони раиси кумиҷроияи вилоятӣ С. Фаттоҳзода барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ андешаҳои худро иброз намуданд.   Дар охир Д. Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои маслиҳатҳои судманд ва дастгириҳои ҳамешагӣ ба раиси кумиҷроияи вилоятӣ С. Фаттоҳзода изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки ҳизбиёни Мастчоҳ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва соҳиб гардидан ба дастовардҳои шоиста ҳамеша талош менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>