Мулоқот бо фаъолон

АШТ. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқот бо фаъолони маркази ноҳия доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рустамзода Наврӯз ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории онро баён намуд.  Зимни баромади хеш Аниса Ҷалилӣ иброз намуд, ки соли 2017 дар таърихи давлатдории навинамон ҳамчун соли хотирмон арзёбӣ мегардад. Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз руйдодҳои муҳиме мебошад, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум нигаронида шудааст. Сипас нисбати пешгирии фарҳанги ба мо бегона, ки оқибатҳои зараровар дорад, ибрози ақида намуд.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Б.Зиёӣ доир ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, зикр дошт, ки масъалаи мазкур низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад. Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавонписар бо дарки баланди хештаншиносӣ хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан мебошад. Ҳамзамон бобати пешгирии ҷараёни шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии наврасону ҷавонон ҳарф зад.  Чорабинӣ дар доираи баланди сиёси баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>