Маҷлиси фаъолон

КОНИБОДОМ. Санаи 29 сентябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ Маҷлиси дувоздаҳуми вакилони халқи ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳути баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Холматова Х, вакилони ҷамоат, сарварони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо иштирок доштанд. Таҳти роҳбарии Раиси Маҷлис Бобокалонзода М бо садо додани суруди миллӣ Маҷлиси дувоздаҳуми вакилони ҷамоати деҳот кори худро оғоз намуд. Дар маҷлис се масъалаи мубрами рӯз оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии «Бозорӣ №11» ва Бобокалонов №3 оид ба фаъолияти вакилиашон ва тасдиқи қарорҳои Раиси ҷамоати деҳот мавриди барррасӣ қарор дода шуданд.  Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҷонишини Раиси Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ  Нарзиев В бо маълумоти мухтасар баромад намуд. Аз рӯи масъалаи мазкур бо маърӯзаи иловагӣ Ғаниева У- сармутахассиси ҷамоат оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Абдувалиев А, Ғаниев Т — вакилони ҷамоати деҳот баромад намуданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Ғаниев Т- вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бозорӣ» № 11 ва Шарипов М – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бобокалонов» №3 шунида шуда, сипас  қарорҳои дахлдор қабул гардид. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома оид ба тасдиқи қарорҳои Раиси ҷамоат  лоиҳаи қарорҳо аз ҷониби Раиси Маҷлис қироат гардида, аз ҷониби вакилони ҷамоати деҳот қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар баромади худ оид ба мазмун ва моҳияти қонуни мазкур  ва оид ба татбиқи  бандҳои қарори Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом  гуфта гузашт. Раиси Маҷлис Бобокалонзода М баъди масъалаҳои баррасигардида Маҷлиси дувоздаҳуми вакилони ҷамоати деҳотро ҳусни анҷом бахшида, ба иштирокдорони маҷлис якчанд вазифагузориҳо ба монанди: ободонии гирду атроф, аз партовҳо тоза намудани ҳудуди кӯча ва деҳаҳо, сафарбаркунии ҳашарчиён ба мавсими пахтачинӣ, маъракаи сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>