«Мо, ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!»- ҳамоиши ҷавонон

Хуҷанд. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардид ва ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби 193 кишвари олам дастгирӣ ёфт.Бахшида ба ин воқеаи муҳими таърихӣ ва эълон гаштани Соли 2017 чун соли ҷавонон дирӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» бо иштироки бештар аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони маркази вилоят таҳти унвони «Мо, ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!» ҳамоиш баргузор гардид. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017, ҳамчунин пазируфта шудани ташаббус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид байни ҷавонони шаҳр ҳамовозии ҳамаҷонибаро пайдо намуд. Дар ҳамоиш ҷавонон баён дошанд, ки имрӯз ва минбаъд низ барои амалӣ гаштани тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш намуда, дар рушду тараққиёти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>