Ҳамоиши ҳизбиён

Кумиҷроияи вилоятӣ. Дирӯз бо иштироки васеи ҳизбиёни вилоят бахшида ба ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиш доир гардид. Сарфароз Фаттоҳзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  зимни ҳамоиш зикр кард, ки қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, боиси ифтихори тоҷикистониён буда, ҳизбиён вазифадоранд, ки моҳияти ин амали бузургро ба аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи мазкур дар ҳоле, ки оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба он марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтию зарурӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад. Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳу усулҳои муфиди ба мардум фаҳмонидани моҳияти бузурги даҳсолаи мазкур иброз гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>