2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон шуд

Суғд. Бо қарори Раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус  қабул карда шуд. Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати  панҷум, ки имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуд, иттилоъ дода шуд ва вакилон қарори марбутаи Раиси вилояти Суғдро тасдиқ намуданд. Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни муаррифии барномаи мазкур таъкид дошт, ки мақсад аз эълони  «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» ин пеш аз ҳама дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ,  пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад.Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>