Баррасии Паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобоҷон Ғафуров. Ҷиҳати фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунбарор кумитаи иҷроия дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори хоҷагии ба номи  А.Ҷумаев бо намояндагони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии фаъолони ҳизб ва ҷавонон мулоқот доир гардид. Мулоқотро муовини раиси ноҳия, аъзои кумитаи иҷроияи ноҳияви Х.Сатторзода оғоз намуда, Паёмро барномаи амали мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол номид. Устодони ДДХ Юлдашв.Р ва Исомадинов.Ҷ оид ба мазмуну мӯҳтавои Паём, самтҳои асосии он муфассал истода гузашта, рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро аз пешрафти соҳаи  маориф, таълиму тарбияи насли наврас, донишандузии донишҷӯёни мактабҳои олии омӯзгории кишвар арзёби намуданд. Сипас, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ  М.Мирпочоева дар бораи самтҳои иҷтимоӣ, хоссатан татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, равона намудани саъю талоши эъшон ба ободиву пешрафти Тоҷикистон, ҳимояи Ватан, омӯзиши касбу ҳунари муосир, рушди илму техника ва корҳои созандагиву бунёдкори суханрони кард. Ҳамзамон ӯ бобати баланд бардоштани нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба муассисаҳои низомӣ, бонки хадамоти алоқа шуғл ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ, муқаррар намудани квота ва имтиозҳо ба занон ва ба ин васила таъмини баробарҳуқуқии занону мардон истода гузашт. Дар охир раиси Шӯрои Итифоқи ҷавонони ноҳия Зоҳидов О, омузгори мактаби хонандагони болаёқат Темиров Х, хонандаи гимназияи №1 Шодиква М барои соли 2017- ро «Соли Ҷавонон»   эълон доштан ба Призиденти мамлакат арзу сипоси самимии худро баён намуда, аз номи кулли ҷавонон ваъда доданд , ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш  ба харҷ медиҳанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия саҳми назаррас мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>