Паём ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза бахшид

Панҷакент. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ташкилоту муассисаҳо ва Донишкадаву Коллеҷҳои шаҳр Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мароқ шуниданд. Паёми навбатӣ низ паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фаро гирифта, барои пешрафти ояндаи ҷомеи мо раҳнамоӣ мекунад. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Ҷавонони панҷаакентӣ ин пешниҳодро бо хушнудӣ қабул намуда, бо ифтихор иброз доштанд, ки минбаъд ҳам бо ҳисси дӯстдории Ватан- модар  ва бо ташаббусҳои неки созандагӣ барои пешрафту гул-гул шукуфоии ояндаи Ватани азизамон Тоҷикистон хизмат хоҳанд кард. Мо ҷавонон хушбахт ҳастем, ки- иброз доштанд онҳо- дар ватани осудаю обод ва дар давраи пешравиҳои беназир дар ватанамон ва дар раванди таҳкими сулҳу ваҳдат дар сафи пеши ҷомеаи шаҳрвандӣ устуворона пеш меравем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>