Аксияи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»

Деваштич. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи пешбаранда ва нерӯи тавонои Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуда, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд карданд, ки «Ҷавонон-ояндаи миллат ва давлатанд». Бо ҳамин мақсад дар ноҳия Деваштич аксияи «Ҷавонон, пайрави Пешвои миллат» бо ҷавонони фаъол, ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинии муовини аввали Раиси ноҳия Абдумалик  Ҳодиев ва муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова ширкат варзиданд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи МИҲД-и ноҳияи Деваштич, узви фаъоли Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқиии демократии Тоҷикистон Бунафша Қутбиддинова ифтиҳоҳ намуд. Муовини аввали Раиси ноҳия Абдумалик  Ҳодиев аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайини соли 2017 Соли ҷавонон дар ҷумҳурӣ кулли ҷавонони ноҳияро табрик намуда, қайд кард, ки ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшида, изҳори боварӣ карда мешавад, ки ҷавонони ноҳия дар қатори ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ корҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Як гуруҳ ҷавонон ба сухан баромада аз қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон руҳбаланд гардида дар ҷомеаи имрӯза мақоми ҷавонон рӯз аз рӯз боло рафтанашро ва дар оянда қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳамчун такягоҳи бузург гардиданашонро баён намуданд.  Рухшона Саъдуллоева дар баромади хеш қайд намуд, ки нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо ҷавононро зарур аст, ки бештар ба талаботҳои ҷомеаи муосир тафаккур ва марому мақсади хешро мувофиқ намуда, ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забонҳои хориҷӣ ва бархурдорӣ аз дастовардҳои илму техникаи нав саъю кӯшиш намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ба насли ояндасоз ҳамчун мутахассисони замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир такя гардем. Ин нуктаҳо ҷавононро водор месозад, ки аз нигоҳи донишу заковат, одобу ахлоқ, маҳорату малака, ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ барҳақ ворисони сазовори падару бобоёни шӯҳратманди худ шуда, Ватани азизи хеш, Тоҷикистони гул-гулшукуфонро боз ҳам ободу зебо ва назаррабо гардонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>