Ҷавонон рӯҳбаландии хешро аз ташаббуси Пешвои миллат изҳор доштанд

Спитамен. Санаи 27 декабри соли равон роҳпаймоӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳиявӣ дар ҳамкории бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,   аъзоёни фаъоли ҲХДТ, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва зиёда аз 500 нафар ҷавонони касбу корашон гуногун дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати ҳамовозӣ ва дастгирии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷавонони ноҳия аз ду тарафи хиёбони Спитамен дар даст бо шиору хитобаҳо ва парчаму навиштаҷотҳо ба назди майдони Ваҳдат  ҷамъ омаданд. Садои форами сурудҳои сиёсию ватандустӣ, ки аз тарафи сарояндагони ҷавони хушовози ноҳия   садо медод, ба чорабинӣ ҳусни меҳанпарастиро зам  кард.  Ҷавонони саодатманди диёр, зимни баромадҳояшон қайд карданд, ки дар Паём, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон ҳамеша дастгирӣ шуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам оварда мешавад. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтитсодии мамлакат, аз тарафи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон қабул карда шавад. Дар чорабинии мазкур мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муҳитдинова Умедахон бо суханҳои даъватӣ баромад намуд. Сипас дар ин чорабинӣ ба 10 нафар ҷавонони ноҳия, ки барои шомил шудан ба ҳизб ариза дода буданд,  шаҳодатномаи ҳизбӣ аз тарафи роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон — «Созандагони Ватан»  Муҳаммадиев М. бо тантана супорид. Дар охири чорабинӣ аз тарафи санъаткорони ҷавони ноҳия сурудҳо дар васфи Ватан, сулҳу дустӣ сароида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>