Ба ифтихори Соли Ҷавонон ва Даҳсолаи байналмиллалии Об барои рушди устувор

Бобоҷон Ғафуров. КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои иттифоқи ҷавонони ноҳия ба ифтихори эълон доштани соли 2017 Соли Ҷавонон ва даҳсолаи байналмиллалии об барои рушди устувор бо иштироки зиёда аз 2000 нафар ҷавонону наврасон роҳпаймоӣ гузаронид. Ҳамоиш бо раҳпаймоии ҷавонон бо шиорҳои даъваткунанда аз назди пайкараи аскари номаълум оғоз ёфта, то ба назди муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт. Сипас дар маркази ноҳия ҷавонони фаъол баромад намуда, ба ин иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, ҳамсолони хешро ба фаъолнокӣ, масулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд. Баҳри иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаш гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>