Хатнасури хайриявии 4 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд

Спитамен. Дар деҳаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен тӯйхонаи нави «Навбаҳор», ки бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд. “Навбаҳор” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳром Бозоров бо харҷи 360 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 10 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар маросими ифтитоҳии тӯйхона бо ташаббуси соҳибкор Баҳром Бозоров чор нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд хатнасур шуданд. Ба кӯдкакон аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>