Амали неки вакил

Гулистон. Дар арафаи Соли нав аз тарафи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №1 Турсуной Зокирова барои 140 нафар кӯдакон аз оилаҳои эхтиёҷманд, кӯдакони ятим ва маъюб дастархони идона кушода, ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои идона аз қабили шириниҳо супорида шуд. Дар чорабинӣ барномаи фарҳангии кӯдакона бо иштироки Бобои барфӣ ва Барфак намоиш дода шуд, ки аз ин табъи кӯдакон хеле болида гардид. Ба ғайр аз ин аз тарафи Турсуной Зокирова ба се нафар маъюбон –Муҳаммад Гулбой аз деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон, Анорбоев Фахриддин аз шаҳраки Адрасмон ва Ҷӯраев А аз кӯчаи Истиқлои маркази шаҳр аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд, ки аз ин иқдоми неки вакил дар арафаи Соли нав онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>