Чорабиниҳои идона дар муассисаҳои иҷтимоӣ

Суғд. 28 декабри соли равон бахшида ба соли нави милодӣ бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сарпарастон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир гардид ва бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Чорабиниҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хона кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарстор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайраҳо баргузор гардиданд. Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд ва аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, хотири қишри ниёзманди ҷомеа шод гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>