Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти сокинони сайёра бетафовут нест

Кумиҷроияи вилоятӣ. Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодони мактабҳои олии маркази вилоят мулоқоти муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва муовини Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Анвар Ҷалилов оид ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, доир гардид. Анвар Ҷалилов чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолиятро дар ҳама ҷода муайяну мушаххас намуд. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми моро мебояд, ки барои дастгирии ҳадафҳои маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ба талаботи ҷомеа мутобиқ намудани мазмуни таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат, ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба ҷараёни таълим, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, хештаншиносию таҳаммулпазирӣ таълиму тарбия намудани ҷавонону наврасон масъулиятшиносона заҳмат кашем. Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода бобати нуктаҳои асосии Паём суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Сарвари давлати тоҷикон бори дигар дар оғози паёми имсолаи хеш аз рӯзгори талхи шаҳрвандони кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, сулҳи бебозгашти тоҷиконро намунаи олии ватандорӣ ва ваҳдатшиорӣ унвон намуд. Алҳол20161227_113843 Президент натанҳо ғами тоҷикон, балки ғами миллионҳо сокинони сайёраро мехӯранд. Мисоли барҷастаи он наздики 15 – сол мешавад, ки Пешвои миллат аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои бонуфуз аз нарасидани оби ошомиданӣ ва самаранок истифода бурдани ин неъмати бебаҳо садо баланд мекунанд. Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул намуд. Сипас роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Фирдавс Ҳоҷиев ба сухан баромада, ҷиҳати дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид намуд. Номбурда аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ин рӯйдоди фараҳбахшро то ба сокинони оддӣ бурда расонанд ва дар ҳамҷоягӣ барои тозагии муҳити атроф, қадру манзалати об кӯшиш варзанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>