Шоҳрух Юнусов: «Президенти Тоҷикистон роҳамро ба операи ҷаҳонӣ боз намуданд»

1-6

СОЧИХабарнигори агентии «Sputnik» (Россия)  дар ҳошияи Фестивали 19-уми умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ бо овозхони шинохта ва меҳмони ин ҷашнвора Шоҳрух Юнусов суҳбат кардааст. Дар зер фишурдаи ин суҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем. Тавре «Sputnik» навиштааст,  Шоҳрух натанҳо овози ҷаззоб, балки дар забономӯзӣ ҳам пешрафтҳое дорад. Ин ҷавони тоҷик ба панҷ забон — форсии тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, италиявӣ ва туркӣ озодона сухан мегӯяд. Дар  Фестивали ҷавонону донишҷӯён Шоҳрух Тоҷикистонро ба намояндагони дигар кишварҳо бе ҳеҷ мушкиле муаррифӣ мекард ва  аз забондонии худ ҳамагонро дар ҳайрат мегузошт. «Меҳмоне аз Туркия дар намоишгоҳ назди ғурфаи Тоҷикистон омаду ман бо ӯ ба забони туркӣ сухан гуфтам.  Ӯ бо ҳайрат ба ман менигаристу мегуфт ту беҳтар аз туркҳо ба туркӣ сухан мегӯӣ», — гуфт Шоҳрух. Шоҳрух ҳоло донишҷӯи соли дувуми Консерваторияи миллии Италия дар шаҳри Милан аст. Ӯ мегӯяд, рӯзе, ки ӯро ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ба ин  фестивал даъват карданд, хурсандиаш ҳадду канор надошт. «Ман аз ширкат дар ин фестивал бисёр шод ҳастам. Ифтихор дорам, ки метавонам Тоҷикистонро тдар чунин ҷашнвораи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам», — иброз дошт ӯ. Шоҳрух мегӯяд, ки хориҷиёнро бештар пӯшоки миллӣ ва таъриху фарҳанги тоҷикон ба ҳайрат меовараду онҳо бештар аз фарҳанг мепурсанд.

«Республикаи  ман»  ё  роҳи  овозхонии  Шоҳрух

     Шоҳрух дар бораи  Тоҷикистон бо меҳри хоссае сухан мегӯяду меафзояд, ки кӯшиш дорад бо овозхонияш ҳарчӣ бештар Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Шоҳрухро мардуми Тоҷикистон ва берун аз он бо суруди «Республикаи ман» мешиносанд. Ин сурудро Шоҳрух нахустин бор дар озмуни «Нури умед» суруда буд, ки ӯро дар саросари Тоҷикистон саршинос кард. Сипас Шоҳрух дар озмунҳое дар Қазоқистону Қирғизистон, Россияву Беларус, Туркияву Амрико бо ҳамин суруди «Республикаи ман» Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Вале нахустин суруде, ки ӯ ҳанӯз дар кӯдакистон бо гитори худсохт хонда буд, таронаи маъруфи  Далер Назаров  «Мастам, мастам зи бӯи ҷонон мастам» буд. Ӯ мегӯяд, ки аз хурдсолӣ ба овозхонӣ дилбаста буд ва ин ҳунарашро нахустин шуда падарбузургаш шодравон Ғаффор Алиев боз ёфтааст. «Ин суруд ҳаргиз аз ёдам намеравад. Онро дар кӯдакистон бо гитори худсохт суруда будам», — ба ёд меорад Шоҳрух нахустин гомҳояшро дар ҷодаи овозхонӣ. Шоҳрух мегӯяд, ки то имрӯз дар ин ҷода устодони бисёре дошта ва бо бисёре аз ҳунармандон ҳамкорӣ кардааст. Ӯ Маъруфҷон Норбоев, Майсара Набиева ва Олим Юсуповро аз устодони худ мешуморад. Вале заҳмати Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Адҳам Холиқовро дар комёбиҳои худ бештар арзёбиву арҷгузорӣ мекунад. «Ман Адҳам Холиқовро яке аз сабабҳои аслии монданам дар ҷоддаи ҳунари операсароӣ медонам», — гуфт Шоҳрух ва афзуд, ки ӯро дар ин роҳ ҳамеша падару модараш, устодонаш ва ёру дӯстонаш дастгирӣ мекунанд.

Дидор  бо  Президенти  Тоҷикистон

Шоҳрух Юнусов мактаби миёнаро то синфи шашум дар шаҳри Конибодом хонда, сипас таҳсилоташро дар мактаби хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд идома додааст. Вале соли 2014 зиндагии Шоҳрух пас аз дидор бо  Президенти мамлакат  куллан тағйир ёфт.  Сарвари давлат дар яке аз консертҳо ҳунари Шоҳрухро дида,  ӯро барои идомаи таҳсил ба мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе даъват карданд. Шоҳрух мегӯяд, ки охирин бор бо Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта, пеш аз рафтанаш ба Италия, дидору гуфтугӯ кардааст. Ба гуфти вай,  Пешвои миллат дар ин дидор ӯро чунин  панду  насиҳат кардаанд: «Ту бояд нағз хонӣ. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ кунӣ ва ба Ватани худ баргашта, ба мардуму кишвари худ хизмат кунӣ».

Супориши  Сарвари  давлат  ва  таҳсили  Шоҳрух  дар  Италия

     Италияро  маркази опера ва зодбуми маъруфтарин операсароёни ҷаҳон мешуморанд. Дар мактаби операи Италия оҳангсозони машҳуре чун Ҷакомо Пучини ва Ҷузеппе Верди омӯзишу парвариш ёфта,  операро дар ҷаҳон  машҳур кардаанд. Қаҳрамони мо низ ягона донишомӯзи Консерваторияи шаҳри Милан на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз саросари Осиёи Марказӣ аст. «Ман бо дастгирии  Президенти  Тоҷикистон ба Итолиё барои таҳсил дар риштаи опера рафта будам. Хушбахтона, соли гузашта бо дастури  Сарвари давлат ман ҳам дарёфткунандаи  стипендияи президентии «Дурахшандагон» шудам. Албатта, мехоҳам ба боварии  Пешвои миллатамон сазовор бошам», — мегӯяд бо хушнудӣ Шоҳрух. Ба гуфти Шоҳрух, рақобат барои донишомӯз шудан дар Консерваторияи шаҳри Милан, ки беҳтарин ҳунаристони олии мусиқӣ ва опера дар Италия  маҳсуб меёбад, бисёр сахт аст. Аз миёни 5 ҳазор довталаб  танҳо 58 кас дар ин донишгоҳ пазируфта шудаанд. «Бароям таҳсил дар ин консерватория, ки беҳтарин ҳунаристон дар ҷаҳон аст, мояи ифтихор аст. Хушбахтам, ки аввалин тоҷике ҳастам, ки Тоҷикистонро дар чунин ҳунаристон муаррифӣ мекунам», —мегӯяд бо ифтихор Шоҳрух.

Мардуми  Италия  ҳам  меҳмоннавозанд

     Шоҳрух мегӯяд, ки Италияро аз хурдӣ дӯст медошт ва ба ин сарзамин меҳри хосае дорад. «Замоне, ки ман дар озмунҳо ширкат кардам, маро ҳатто ба яке аз операсароёни машҳури итилиёвӣ Робертино Лорети монанд мекарданд», — мегӯяд Шоҳрух. Ба гуфти вай, итолиёиҳо аз дигар мардуми Урупо дида ба тоҷикон наздиктару монанд ҳастанд, бавижа зоҳирашон ва меҳмоннавозиашон. «Итолиёиҳо мардуми меҳмоннавозе ҳастанд. Агар, масалан, чизеро аз онҳо бипурсӣ, кӯшиш мекунанд  ҳатман кумакат кунанд», — мегӯяд Шоҳрух.

Вале  Тоҷикистон  дигар аст…

Вале ҳарчанд Италия  зебосту мардумаш меҳмоннавозу хӯрокашон хушмазза,   аммо Шоҳрух мегӯяд ҳамеша аз Тоҷикистон ёд мекунад ва пазмони оши палаву кабоби тоҷикӣ аст. «Ман то кунун ба чандин кишвари олам  сафар кардаам. Фикр мекунам, ки зеботарин кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аст. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо, ҳавои соф».

«Тоҷиконро  ба  опера  наздик  мекунам»

Вай дар бораи вазъи опера дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло фаъолияти Театри давлатии академии  опера ва балети Тоҷикистон таҳти роҳбарии Адҳам Холиқов бисёр беҳбуд ёфтааст. Вале мегӯяд, ки мардуми тоҷик ҳамчунон аз опера дур аст. Бо ҳадафи ҷалби мардум ба опера ва баланд бардоштани фарҳани ҷаҳонии тоҷикон Шоҳрух Юнусов  мақсад дорад бо омезае аз мусиқии поп ва опера, ки истилоҳан « Classical crossover» ё «popera» номида мешавад, мардуми тоҷикро ба опера наздиктар кунад. «Жанри  поп-опера  ҳоло дар кишварҳои Аврупо бисёр маъруф аст.  Мехоҳам бо ин «ширу шакари мусиқавӣ» мардуми тоҷикро ба опера наздиктар кунам», — изҳори умедворӣ менамояд Шоҳрух ва меафзояд, ки пас аз хатми ҳунаристони Милан ҳатман ба тоҷикистон бармегардад ва ба Ватани худ хизмат мекунад.

АМИТ «Ховар»

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>