Мулоқоти умедбахш

Деваштич_Даштикон1

ДЕВАШТИЧ. Тибқи дастуру нишондодҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич тартиб дода шуд, ки мутобиқи яке аз бандҳои он намояндагони Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 43-и деҳаи Даштикони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мулоқот баргузор намуданд. Зимни мулоқоти мазкур роҳбари Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва сармутахассиси бахши ҷавонон ва варзиш, узви ҷавону фаъоли ҳизб Ҳамза Шоҳин аз шароити таълиму тарбия, рафти машғулиятҳову дарсгузарӣ шиносоӣ пайдо карда, таклифу пешниҳодҳои мушаххасро ба омӯзгорон иброз намуданд. Пас аз мулоқоти зикршуда, аз ҷониби хонандагони муассисаи мазкур бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангии омодагардида намоиш дода шуд. Хонандагон дар васфи Ватан – Модар, Тоҷикистони азиз, Пешои миллат ва Конститутсия шеъру суруд ва саҳначаҳо намоиш дода, бо руҳияи тозаву хуррамона баромадҳои ҷолибу пурмазмун карданд. Маврид ба зикр аст, ки ин насли даврони соҳибистиқлоливу Тоҷикистони гул-гулшукуфон аз Ваҳдату Ватандорӣ, аз меҳру садоқаташон ба мулки зебоманзар таронаву шеърҳо хонданд. Дар хотимаи чорабинӣ барои ташкилкунандагон ва гуруҳи фаъолони муассисаи таълимӣ аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>